Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз намуд.
Мувофиқи тақвим мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал озод буд, зеро шумори дастаҳо ҳамагӣ 5-то аст. Дар ин давр бозии байни наврасони дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ - 2:2 ва миёни тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон низ - 1:1 анҷом пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар даври дуюм мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал тими наврасони Қирғизистонро дилпурона бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба дастаи 16 солаи кишвар 3 имтиёз оварданд.
Гуфта мешавад, дар бозии дигари ин давр наврасони Ӯзбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон карданд – 6:0.
Бозиҳои даври навбатии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола (U-16) имрӯз баргузор мешаванд. Бозии Эрон - Қирғизистон соати 18:00 ва Тоҷикистон - Афғонистон - соати 21:00 оғоз мешаванд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегарданд.
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.
Даврҳои боқимонда
Даври 3-юм
16 май (душанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 4-ум
18 май (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5-ум
20 май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон