Рӯзи 23 июн Гранд Слами Уланбатор (Муғулистон) оид ба ҷудо бо рақобатҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз гардид.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар рӯзи аввал 3 варзишгари мо – Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ва Обид Ҷебов дар вазни -66кг гуштин гирифта, Обид ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Гуфта мешавад, дар давраҳои ти финал расиданд Обид Ҷебов бар Тайпей, Озарбойҷон, Эрхембаяр Баттогтох, ва Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуда, дар финал аз варзишгари дастаи мизбон - Муғулистон шикаст хӯрд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ҷои ҳафтумро гирифт.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 24 июн рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегирад. Тоҷикистонро дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Гранд Слами мусобиқа 345 варзишгар (183 мард, 162 зан) аз 44 давлати ҷаҳон ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.