Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (81 кг) дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 иштирок карда наметавонад. Ба ӯ бидуни шарҳи сабаб додани раводидро рад карданд. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Мусобиқаи мазкур пагоҳ, 4 август дар Будапешт (Маҷористон) оғоз гардида, то рӯзи 6 июл идома меёбад.

Тибқи қоидаҳо, дар Hungary Masters-2023 варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи на поинтар аз 36-ум қарор доранд.    

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

- дар вазни 60 кг Эмомалии Нуралӣ,

- 66 кг Обид Ҷебов,

- 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода,

- 90 кг Комроншоҳи Устопириён,

+ 100 кг Темур Раҳимов.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои инфиродӣ ғолибон дар ҳамаи 4 вазн бо 6 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра  - бо 4 ҳазор евро ва зинаи 3-юм - бо 2 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарони метавонанд ба холҳо барои беҳтар намудани мавқеи худ дар радабандиҳои ҷҳонӣ ва олимпӣ соҳиб шаванд. Ғолибон 1800 хол, зинаи 2-юм - 1260 хол ва ҷойи 3-юм- 900 хол мегиранд.

Ба ҷуз варзишгарони тоҷик, дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 намояндагони 58 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.