Барои нахустин бор беш аз 100 варзишгар Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Дилшод Назаров, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқа рӯзи 23-юми сентябр оғоз мешавад ва дар он варзишгарон аз рӯйи 40 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Дар 18 намуди он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.
“Аксари федератсияҳои варзишии Тоҷикистон аллакай ҳайати дастаҳои мунтахаби миллиро оид ба намудҳои худ эълон кардаанд”, - гуфт Дилшод Назаров.
Ӯ афзуд, бори аввал аст, ки ба ҳайати тими Тоҷикистон оид ба муштзанӣ 13 варзишгар дар ҳамаи вазнҳо шомил аст.
Ба гуфтаи Дилшод Назаров, дар охирин бозиҳое, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор шуд, варзишгарони Тоҷикистон 7 медал - як нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
“Аз сабаби омодагии нокифоя ман он вақт тиллоро аз даст додам. Умедворам, ки ин дафъа варзишгарони мо медалҳои бештар, аз ҷумла медалҳои тилло ба даст оранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Барои нахустин бор дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2023 дар шаҳри Ханчжоуи Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, дар он варзишгарон барои 481 медал аз рӯи 40 намуди варзиш мусобиқа мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 1994 то ба имрӯз дар 7 Бозиҳои осиёӣ ширкат карда, 28 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш тилло мебошад.
Се бор ҷоизаи олии Бозиҳои осиёиро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар солҳои 2006, 2010 ва 2014 ба даст оварда буд ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Қатар як медали тилло ба даст овардааст.





Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста