Умар Кремлёв, зодаи Тоҷикистон ва президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар рейтинги овоздиҳӣ барои унвони «Роҳбари соли 2023» дар Русия пешсаф шуд. Пурсишро шӯъбаи варзишӣ хабаргузории “РИА Новости” анҷом додааст.

Пойгоҳи “РИА Новости Спорт” овоздиҳии бонуфузтарин ва барҷастатарин корманди варзиши солро анҷом дод. Ҳар касе, ки ба варзиш таваҷҷуҳ дошт, ба номзадҳо овоз дод.

Пас аз рақобати шадид Умар Кремлёв бо касби 26,2 дарсади овозҳо сазовори ҷои аввал гашт.

Кремлёв бо фаъолияти байналмилалии худ, ки ба муттаҳид кардани федератсияҳои бокси кишварҳо ва қитъаҳои гуногун, инчунин бо корҳои фаъоли таълимӣ ва хайрхоҳонааш дар варзиши Русия нигаронида шудааст, маъруф аст.

Дар чои дуюм тренери машҳур ва ҳоло сардори Федерациям умумироссиягии гимнастикаи бадеӣ Ирина Виннер қарор гирифт.

Дар ин раддабандӣ раиси Кумитаи паралимпии Русия Павел Рожков дар мақоми сеюм қарор гирифт.

Ёдовар мешвем, ки моҳи октябри соли 2023 Умар Кремлёв ба ватани аҷдодиаш Тоҷикистон сафар кард, бо Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон рушди бокс дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ӯ ҳамчунин, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо хоҳиши падараш ба зодгоҳи таърихии худ – Ҳисор рафт ва ваъда дод, ки дараи Алмосиро обод карда, роҳро таъмиру навсозӣ мекунад ва инчунин маҷмааи савдову хидматрасонӣ ва мактаби таълиму машқи бокс месозад.

Зодаи Тоҷикистон

Умар Кремлёв аз 12 декабри соли 2020 ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) кор мекунад.

Ӯ 1-уми ноябри соли 1982 дар деҳаи Гулхонаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва ба дунё омадааст.

Қаблан расонаҳои русӣ навишта буданд, ки ӯ ҳоло ба насаби модараш гузаштааст, қаблан насаби Лутфуллоевро дошт.


Дар Академияи давлатии хоҷагии коммуналӣ ва сохтмони Маскав маълумоти олӣ гирифтааст.

Соли 2018 Кремлёв ба Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) пазируфта шуда, аввалин намояндаи Русия дар ин ниҳод буд.

Пас аз барканор шудани Ғафур Раҳимов, соли 2020 Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (AIBA) номзадии Кремлёвро ба мансаби президентӣ бо аксарияти овозҳо маъқул донист.

Дар саҳифаи "Instagram"-аш Кремлёв ҳамчун шахсият муваффақ – варзишгар, роҳбар ва инсони хайрхоҳу эҳсонкор таҷассум меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.