Вохӯрии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, мусовӣ - 1:1 ба поён расид. Голро аз тими Тоҷикистон Рустам Соиров ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи «G» Урдун дар майдони худ дастаи Покистонро бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб кард.

Ба ин тариқ, пас аз чор давр дар гурӯҳи «G» Арабистони Саудӣ бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Зинаи 2-юмро бо 7 имтиёз дастаи Урдун ишғол мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар зинаи 3-юм ҷойгир шудааст. Футболбозони Покистон пас аз 4 давр ҳоло ягон имтиёз ба даст наовардаанд.

Ҷадвали гурӯҳи «G»


Дар ду вохӯрии боқимондаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаҳои Урдун (6 июн дар меҳмонӣ) ва Покистон (11 июн дар Душанбе) бозӣ мекунад.

Бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

6 июн (панҷшанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Покистон – Арабистони Саудӣ

Даври 6-ум

11 июн (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Покистон

Арабистони Саудӣ – Урдун

Маълумоти муфассал дар бораи имкони ба даври сеюми марҳилаи интихобӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон дар маводи мо - “Тоҷикистон метавонад ба даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирад?” қобили дарёфт аст.

Дастаҳое, ки айни замон ба даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирифтанд: Австралия, Ироқ, Ӯзбекистон ва Эрон. Дастаҳое, ки ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифтанд: Арабистони Саудӣ, Австралия, Ироқ, Ӯзбекистон, Эрон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.