Се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ният доранд, ки барои дар соли 2035 баргузор намудани Ҷоми Осиё оид ба футбол дархости муштарак пешниҳод кунанд.
Мусобиқаи асосӣ барои мунатахабҳои футболи қораи Осиё зери раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) гузаронида мешавад.
Дар ин бора дар Telegram-канали худ - «Футболиум» коршиноси соҳаи варзш Алишер Никимбоев (Ӯзбекистон) зимни суҳбаташ бо обуначиёни шабакааш хабар додааст.
Ба савол дар бораи аз ҷониби се кишвари ҳамсоя якҷоя пазиройӣ кардани мусобиқаи Ҷоми Осиё, коршинос чунин посух додааст:
«Ман ҳақ надорам расман гап занам. Аммо, то ҷое ки огаҳам, маҳз ҳамин тавр дар соли 2035 ба нақша гирифта шудааст. Ва КФО ҳам ғайрирасмӣ розӣ аст».
Дар ҳамин ҳол, корбари саволдода зикр кардааст, ки «барои баргузории мусобиқа ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд: аз ҷумла, дар Бишкек варзишгоҳи нав сохта, кӯҳнаҳояшро таъмир мекунанд, дар Душанбе низ варзишгоҳи нав бунёд шуда истодааст ва дар Хуҷанд ҳам метавонанд онро ба тартиб оранду омода кунанд».
Дар Ӯзбекистон, ба гуфтаи ӯ, якчанд варзишгоҳе мавҷуданд, ки ба талаботи ФИФА ҷавобгӯянд.
Таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои бузурги байналмилалии футбол мавҷуд аст: дар Ӯзбекистон Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20 ва то 23-сола ва дар ҳамроҳӣ бо Қирғизистон нахустин бор Ҷоми калонсолони CAFA дар соли 2023.
Қобили зикр аст, ки мизбонони мусобиқа ба таври автоматӣ ба роҳхат барои иштирок дар Ҷоми Осиё соҳиб мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2023 президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ дар конгресси ин ташкилот аз нақшаҳои пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории даври финалии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 изҳори назар карда буд.
Он замон зимни суханронӣ Рустами Эмомалӣ изҳор дошта буд, ки минтақа то ҳол ҳеҷ гоҳ дар таърихи худ қисми финалии Ҷоми Осиёро қабул накардааст.
«Фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи мо аз ҷиҳати дастаҳои миллӣ хеле пурқувват аст ва бовар дорам, ки якҷоя бо кишварҳои бародар мо қисми финалии чемпионати Осиёро дар сатҳи хеле баланд мегузаронем», - гуфта буд президенти CAFA.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа он вақт ин ташаббусро дастгирӣ карда, зикр карда буд, ки минтақа сазовори қабули чемпионати Осиё миёни дастаҳои миллӣ мебошад.
Ҷоми футболи Осиё (AFC) шурӯъ аз соли 1956 дар 4 сол 1 маротиба пас аз 1 соли мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон гузаронида мешавад. Аз ҳама бештар - 4 бор Ҷоми футболи Осиёро мунтахаби Ҷопон соҳиб шудааст. Охирин мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё соли 2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон - футболбозони Қатар анҷом ёфт. Ҷоми футболи навбатии Осиё соли 2027 доир мегардад. Аз соли 2019 дар ин мусобиқа 24 дастаи мунтахаби қора иштирок мекунанд.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста