Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори шӯъбаи робитаҳои хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдунабӣ Сатторзода мӯътақид аст, ки солҳои ахир Ҷумҳурии Халқии Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар муносиботи хориҷӣ гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ нуфузи Русияро низ чун шарики стратегии Тоҷикистон рад намекунад, ки чун пештара ҳамкорӣ бо он самаранок аст.

«Аммо нисбат ба Русия аз соли гузашта Чин фаъолтар гаштааст», - таъкид сохт А.Сатторзода ва афзуд, ки Тоҷикистон чун пештара сиёсати «дарҳои боз»-ро роҳандозӣ мекунад.