Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон бемори нахустини вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ/СПИД) ба қайд гирифта шуд. Сарчашма аз Маркази муқобилат ва пешгирии ВНМО/БНММ-и минақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҷавонзани гирифтори чунин бемориро шавҳараш барои ташхис ба марказ овардааст ва худаш бо натиҷаҳои ташхис шинос нашуда, боз ба Русия рафтааст. Шавҳари ҷавонзан чанде қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргашта буд.
Ҳамин тариқ, аз 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ин нӯҳумин ноҳияест, ки дар он чунин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Бақайдгирӣ соли 2003 оғоз гардида, то имрӯз дар ноҳияҳо 155 нафар чунин беморон мавҷуданд, ки аз онҳо 135 нафарашон мардон ва 3 нафарашон кӯдакони синни 15 сола мебошанд.
Шумораи чунин беморон дар ноҳияҳо ба таври зайл аст: дар шаҳри Кӯлоб - 119 нафар, ноҳияи Восеъ - 7 нафар, Кӯлоб - 6 нафар, Ҳамадонӣ - 4 нафар, Фархор ва Мӯъминобод - 3 нафарӣ, Данғара - 2 нафар, Темурмалик ва Шӯрообод - 1 нафарӣ. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Балҷувон ва Ховалинг алҳол чунин беморон ба қайд гирифта нашудаанд. «Аз соли 2003 то имрӯз ба иллати касалиҳои гуногун 25 нафар гирифторони чунин беморӣ фавтиданд ва 11 нафар табобати эҳёгарии зиддивирусӣ мегиранд», - афзуд сарчашма.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста