Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар деҳаи Бардараи водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» мавриди истифода қарор гирифт, ки бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон сохта шуд.
Муҳандис ва менеҷери барномаи Бунёди Оғохон Хӯчамёр Хумориқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нерӯгоҳ бо иқтидори 160 кВт дар муддати ду сол бунёд ёфта, маблағи сохтмони он $187 ҳазорро ташкил медиҳад, ки $7 ҳазори онро сокинони деҳа маблағгузорӣ карданд.
Сокини деҳа Султоншо Маҳмадбеков мегӯяд, ки «истифодаи қувваи барқи нерӯгоҳ имкон фароҳам месозад, ки натанҳо хонаҳо равшан бошанду ғизо омода созем, балки аз тамошои барномаҳои телевизион низ баҳра бардорем».
Ба гуфтаи Х.Хумориқов, ин ҳаштумин нерӯгоҳи хурдест, ки бо дастгирии барномаи Бунёди Оғохон дар водии Бартанг сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, аз соли 1997 то имрӯз бо ширкати барнома ва дастгирии созмонҳои байнулмилаливу саҳми сокинони маҳал 29 адад нерӯгоҳҳои обию барқии хурд (аз 30 то 300 кВт) бо иқтидориумумии 2,5 ҳазор кВт ба истифода дода шуданд, ки аҳолии беш аз 30 деҳаҳоро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.
«Илова бар ин, мо ба масофаи тақрибан



Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста