Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-плюс - Имрӯз дар бӯсонсарои Пуғус аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ян Тсзечин ба имзо расидани Барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин барои солҳои 2008-2009 дар назар аст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки барнома нимаи дуввуми рӯз зимни мулоқоти дуҷонибаи вазирони ҳар ду кишвар ба имзо мерасад.
Боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Чин аз Тоҷикистон пагоҳ оғоз мегардад. Интизор меравад, ки мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов доир хоҳад гашт. Дар нимаи дуввуми рӯз вазири корҳои хориҷии Чин ба ватан бармегардад.
Ёдрас мекунем, ки Ян Тсзечин дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ бо ҳамтоёни худ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок дорад.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста