Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад.
То имрӯз ҳудуди 255 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 63,5 ҳазор тонна бештар мебошад.
Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 145 ҳазору 444 гектараш дарав ба анҷом расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.
Аз вазорати кишоварзӣ ҳамчунин хабар доданд, ки д
ар ин маъракаи
муҳим аз комбайнҳо самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор аз 300 то 430 адад комбайни ғалладарави хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида истифода мегардад. Ҳар як комбайн ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 4-5 гектарро дарав мекунад, ки ин кори даравгаронро осон мекунад.
«Дар ҳамин ҳол, то имрӯз танҳо 65 дарсади техникаи кишоварзӣ ба мавсими дарав омода шуданд - аз 787 комбайни ғалладарави мавҷуда 451 ададаш истифода мешавад», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки рӯзҳои наздик Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» барои омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба кишвар ба маблағи 7,7 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ ворид месозад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 273 ҳазору
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста