Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.
«Имрӯз ҳамаи қарзҳо мувофиқи мӯҳлат ва нақшаи пешбинишуда пардохта мешаванд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин фоизҳои қарз низ саривақт пардохта мешаванд.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон имрӯз қодир аст пардохти воситаҳои қарзиро дар мӯҳлати муайянгардида мувофиқи шартномаҳои мавҷуда таъмин созад.
С.Наҷмиддинов изҳор дошт, ки қарзҳои гирифтаи ду соли ахир, қабл аз ҳама, барои рушди соҳаи энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳо, таъмини амнияти ғизоӣ ва қисман ба тараққии соҳаҳои маорифу тандурустӣ истифода шуданд.
Ёдрас мекунем, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2008 $1 млрд. 223 миллионро ташкил медод.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста