Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -
Имрӯз дар Душанбе Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба таъмини молиявии тарҳи сохтмони истгоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Оливйе Метлан Пелен ба имзо расониданд.
Аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тибқи санади имзошуда,
Фаронса барои сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17 млн. евро қарзи имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад. Қарз ба муддати 35 сол ва пардохти 0,15 фоизи солонаи мӯҳлати имтиёзноки 20 сола пешниҳод шудааст.
Арзиши маблағи умумии лоиҳа ба 24 млн. евро баробар аст, ки 17 млн. қарзи ҷониби Фаронса буда, 7 млн. еврои боқимондаро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» сармоягузорӣ менамояд. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол муқаррар гардидааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2007 пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Фаронса Эрве Морен изҳор дошта буд, ки Фаронса таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва сохтмони истгоҳи мусофирбарро дар он ба зимма гирифтааст.
«Ман сарвари давлати Тоҷикистонро мутмаин сохта будам, ки сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳ соли 2008 шурӯъ хоҳад шуд ва минбаъд Тоҷикистон аз ин иншооти худ ифтихор хоҳад кард, - гуфт Э.Морен. - Дар фурудгоҳ муддати ду сол аст, ки 150 нафар коргарони Фаронса фаъолият доранд ва ҳамеша ба кӯмаку дастгирӣ омодаанд».
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста