Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни шарҳи масъалаи чанде қабл дар Исломобод ба имзо расидани
созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 (
CASAREM
) сафири Покистон дар Тоҷикистон Халид Усмон Кайсар изҳор дошт, ки Покистон ба воридоти нерӯи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.
«Ҳарчанд Покистон дар рушди иқтисод ба комёбиҳои назаррас ноил гашта бошад ҳам, он то ҳол кишвари рӯ ба тараққӣ маҳсуб мегардад ва маҳз норасоии нерӯи барқ ба рушди боз ҳам бештари иқтисоди кишвари мо монеа эҷод месозад», - гуфт ӯ.
Зимни посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия -Плюс» дар мавриди иштироки Покистон дар консорсиуми идомаи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун», сафир зикр кард, ки шояд ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон роҳи ҳалли худро пайдо намояд.
«
Покистон қарори ниҳоии Русияро оид ба сохтмони НОБ-и «Роғун» интизор аст: агар Маскав аз талошҳои яккатозии худ даст кашаду ба консорсиуми байнулмилалии пешниҳоднамудаи ҳукумати Тоҷикистон шомил гардад, ман иштироки Покистонро дар сохтмони иншооти мазкур имконпазир мешуморам», - таъкид сохт дипломати покистонӣ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад. Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста