Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи барномаи кӯмаки ройгон Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ҳудуди 1 тонна мазут ворид сохт.
Намояндаи Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи ин барнома, ба марказ ҷудо кардани 3 ҳазор тонна мазут пешбинӣ шудааст. «Миқдори боқимондаи мазут то моҳи ноябр ба марказ ворид карда мешавад», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ намояндагони маъмурияти марказ мегӯянд, ки айни замон беш аз 10 ҳазор тонна мазут захира карда шудааст ва 60 вагон бо мазут феълан сӯи Тоҷикистон ҳаракат доранд.
Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, барои фаъолияти муназзами ин марказ дар фасли зимистон 30 ҳазор тонна мазут лозим аст, ки 20 ҳазор тонна аз онро бояд ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» бихарад.



“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста