Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Фотима Эгамназарова дар озмуни байнулмилалӣ бахшида ба эҷодиёти Чингиз Айтматов сазовори Шоҳҷоиза гашт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон хабар доданд, иншои донишҷӯдухтари тоҷик дар жанри эҷодиёт баҳои баландтарини ҳайати ҳакамони озмунро сазовор шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ба ҷуз донишҷӯдухтари тоҷикистонӣ, намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Украина ва ҳафт вилояти Қирғизистон низ ширкат варзидаанд. «Озмун ба муносибати нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки фардо дар шаҳри Бишкек шурӯъ мешавад, доир гардид», - афзуд манбаъ.

Лозим ба тазаккур аст, ки Фотима Эгамназарова соли гузашта тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон гардида буд.