Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад. Дар ин бора муовини сардори идораи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Д.Қурбонов хабар дод.
Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ва талаботи Бонки рушди Осиёву Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши энергетикаи кишвар водор месозанд, ки ҳамасола таруфаҳои нархи истифодаи нерӯи барқ танзим карда шаванд.
«Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, арзиши истифодаи нерӯи барқ то соли 2010 бояд ба ҳисоби миёна 2,5 сентро ташкил диҳад ва барои ин зарур аст, ки то соли 2010 ҳар сол ду маротиба қимати он ба андозаи 40-50 дарсад зиёд карда шавад», - идома дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфта буд. Айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа барои аҳолӣ 4,8 дирам (1,4 сент), к
орхонаҳои саноат
ӣ
10,95 дирам ва ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам муқаррар шудааст.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста