Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нӯҳ моҳи соли равон муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 544 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз зиёдтар аст.
Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, 1 млрд. 250 млн. доллари амрикоиро ташкил дод ё ба таври дигар воридот нисбат ба содирот 2,2 баробар зиёдтар аст.
Содироти мол дар ин давра ба $1 млрд 1456 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $52,3 млн.
ё худ 4,8 дарсад зиёд мебошад.
Воридоти мол $2 млрд. 397 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-сетябри соли 2007 $633 млн. ё худ 35 дарсад бештар аст.
Дар моҳи сентябр содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта 11,9 ва воридот 20,9 дарсад коҳиш ёфт. Ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи сетябри соли ҷорӣ 351 млн. доллари амрикоиро ташкил дод (содирот $99 млн. ва воридот $252 млн.).
Дар моҳи сентябр Тоҷикистон бо давлати Перу ҳамкориро ба роҳ монда, бадин тариқ шумори шарикони ҳамкори хориҷии худро ба як адад афзуд. Дар нӯҳ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 92 кишварҳои дунё муносибати савдои хориҷӣ дошт.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста