Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз оғози соли равон дар То ҷ икистон мизони таваррум ба 12,7 фисад баробар шуд. Аз р ӯ и нати ҷ аҳои 8 моҳа ин нишондиҳанда 11,92 фисадро ташкил медод.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷ умҳур ӣ , суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмол ӣ 0,7 фисадро ташкил додааст Дар моҳи август он муодили 1,8 фисад буд.

Аз оғози соли равон нархҳои маводи ғизо ӣ 14,5 фисад, бахши ғайриистеъмол ӣ 4,4 фисад ва соҳаи хизматрасон ӣ 21,2 фисад афзуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд - пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.