Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки баъд аз нимашаби гузашта интиқоли он оғоз шудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,
кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.
Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар мулоқоти Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид.
Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад ва интиқоли ҳаҷми боқимонда соли оянда амалӣ мегардад. «Барои транзити интиқоли нерӯи барқ мо ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунем», - гуфт Ш.Самиев.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста