Кӯлоб. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар доираи чорабиниҳои вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи ноҳияи Восеъ баргузор шуд.

            Тавре раиси ноҳияи Восеъ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Алламурод Тағоймуродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар боғи марказии истироҳату фароғат намоишҳои дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия ташкил карда шуданд. «Ҳамчунин дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳия, нархҳо нисбат ба бозорҳои шаҳр 50 дарсад арзонтар буданд, - гуфт ӯ.

            Ба иттилои манбаъ, ба сокинони шаҳри Кӯлоб консерти ҳунармандони ноҳияи хеле писанд омад. Аз намоишгоҳ раиси вилояти Хатлон Ғайбуллои Афзалӣ низ боздид кард.