Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои аз нав барқароршудаи Донишгоҳи давалатии тиббии Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. Бинои донишгоҳ ахири соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гардида буд.
Тавре сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Исломиддин Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маросими ифтитоҳ сарвари давлат бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот хоҳад кард.
Ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии бино ҳукумати ҷумҳурӣ 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Дар кори таҷдиду барқарорсозии бино ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос», «Сомон сохтмон», вазорати тандурустӣ ва донишҷӯёни ин донишгоҳ саҳми назаррас гузоштанд. Барои таъмини бинои донишгоҳ бо техникаву таҷҳизот ҳукуматҳои Ҳиндустону Туркия ва Чин ҳар кадоме чун кӯмак 100 ҳазор долларӣ маблағ ҷудо карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми декабри соли гузашта бар асари сар задани сӯхтор беш аз 9 ҳазор метри мураббаъи бинои асосии донишгоҳ хароб гардида буд. Осори олимон ва дигар китобҳои китобхонаи донишгоҳ аз сӯхтор эмин монданд. Бинои мазкур соли 1939 сохта шуда, яке аз биноҳои қадими шаҳр маҳсуб мегардид.



“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста