Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Душанбе корхонаи нави дӯзандагии Тоҷикистону Чин ба кор даромад.
Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур дар заминаи фабрикаи дӯзандагии «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо шикарти чиноии «Ви Ҷи» таъсис дода шудааст. «Дар марҳилаи аввал фаъолияти корхона ба дӯхтани либосҳои низомӣ нигаронида хоҳад шуд ва соли оянда кушодани сехҳои тайёр кардани сарулибоси бачагона ва мактабӣ ба нақша гирифта шудааст», - гуфт ӯ.
Т.Азизова афзуд, ки феълан дар корхона 90 нафар машғули кор буда, соли оянда то 360 нафар афзудани шумори коргарон дар назар аст.



Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста