Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар машварати навбатии нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ки ҳафтаи сипаригашта дар пойтахти Русия доир гашт, сарвазир ин кишвар Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар пойтахти Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2014 – шаҳри Сочи кишварҳои узви иттиҳод (Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) имкон доранд, меҳмонхона бунёд созанд.

            Ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» В.Путин гуфтааст, мо ба кишварҳои иттиҳод пешниҳод дорем, ки дар наздикии боғи олимпӣ ҳар кадоме меҳмонхона бунёд сохта, онро ба унвони пойтахти кишварашон номгузорӣ намоянд.

            Ба ақидаи В.Путин, ин лоиҳа на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати гумнитарӣ низ муҳиму манфиатбахш аст. «Дар маркази бозиҳо маҷмӯи меҳмонхонаҳое қомат хоҳанд афрохт, ки меҳмононро бо фарҳанги ғании кишварҳои ҳамсояи мо ошно хоҳанд кард», - афзудааст нахуствазири Русия.