Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ санади ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону ИМА оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба имзо мерасонанд.

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар иловаҳо ба созишнома барои таҳкими бахши амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон ҷудо кардани воситаҳои иловагӣ пешбинӣ мегардад.