Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Томас Вэст, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон масъалаи таҳким марзҳо ва мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд.
Ин мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, асри 31-уми май сурат гирифтааст. Тамас Вэст дар идомаи сафарҳои минтақаии худ бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баробари масъалаи вазъ дар Афғонистон, "ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, зарурати густариши ҳамкориҳо барои таҳкими марзҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон"-ро низ баррасӣ кардаанд.
Томас Вэст ахиран сафарҳои минтақаии худро брои дидор ва гуфтугӯ бо бархе чеҳраҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони Афғонистон оғоз кардааст. Ӯ пеш аз сафараш ба Тоҷикистон ба Ҳинд, Туркия ва Ӯзбекистон сафар карда буд.
"Афғонистон интернейшнл" навиштааст, ки яке аз ҳадафҳои сафари Вэст ба Тоҷикистон дидораш бо бархе аз "чеҳраҳои зиддитолибонӣ" ва аз ҷумла Аҳмади Масъуд гуфта мешавад.
Вале то ҳоло ҷузъиёте аз сурат гирифтан ё нагирифтани ин дидор нашр нашудааст.
Вэст дар туркия бо бархе аз чеҳраҳои сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон низ дидор карда буд ва пас аз дидораш гуфта буд, ки ин чеҳраҳо аз набуди раванди сиёсии брои гуфтугӯ ва мушорикат дар Афғонистон интиқод карда буданд.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста