Содир Ҷабборов 5-уми октябр дар ноҳияи Узген бо сокинон мулоқоти пӯшида баргузор намуд ва бо онҳо масъалаи муайянсозии сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳалли мушкили обанбори Кампир-ободро баррасӣ намуд. Дар ин бора kg.akipress.org хабар медиҳад.

Пас аз ин мулоқот ва эътирози гуруҳе аз сокинони кишвар, имрӯз, 6-уми октябр, Содир Ҷабборов маҷбур шуд ба мардумаш муроҷиат карда, ҷузъиёти мулоқоти мазкур ва баъзе аз ҷанбаҳои масъалаи муайянсозии сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистонро шарҳ диҳад.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки дар ояндаи наздик шартнома имзо мешавад ва ба парлумон низ ирсол мегардад. Пас аз тасвиби шартнома, маълум мегардад, ки кадом заминҳо ба ихтиёри кадом давлат мегузарад.

“99 дарсади қитъаҳои баҳсбарангез ба ихтиёри мо дода шуд”, - гуфтааст Содир Ҷабборов.

Содир Ҷабборов гуфтааст, ки то ҳол бо Ӯзбекистон сари идораи муштараки обанбори Кампир-обод мувофиқа ҳосил шудааст ва тибқи он, сатҳи оби ин обанбор аз 908 то ба 900 метр поён мебаранд.

Обанбори Кампир-обод
Манбаъ: kabar.kg

“1245 гектар замини соҳил озод карда мешавад, ки он ба ихтиёри мо мегузарад. Сокинони махаллӣ метавонанд ин заминро барои хоҷагии кишлоқ истифода баранд”, - иброз намуд Содир Ҷабборов.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “шумо ба мо ҷуз изҳори миннатдорӣ чизе нишон дода наметавонед. Мо ягон сантиметр замин надодем. Баръакс онро гирифтанд. Ва баъд аз сад сол таърих собит хоҳад кард, ки кори мо ва тасмими мо дуруст ва ба манфиати давлати Қирғизистон буд”.

Ӯ бо киноя ба ҳамтоёни пешини худ зикр кард, ки “мо мисли онҳое, ки Каркира ва Торт-кочёро доданд, хоин нестем”.

Ҳамин тавр, ӯ бо ишора ба мунтақидони худ таъкид кард, ки дар атрофи Кампир-обод бесарусомонӣ эҷод накунанд ва пеш аз он ки дер нашавад, ба худ биёянд!

“Ман ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастур медиҳам: нисбат ба фитнагароне, ки мардумро таҳрик медиҳанд, чораҳои сахт бинед. Маҳдудиятҳои ғамхорӣ вуҷуд доранд. Онҳо аз ин хадду канор мебароянд”, - таҳдид намуд Содир Ҷабборов.

Дар охири муроҷиати худ ба мардумаш Содир Ҷабборов бори дигар иброз намуд, ки “ҳама чиз ба зудӣ тамом мешавад” ва ба мухолифонат муроҷиат карда таъкид кард, ки “масъалаи сарҳад 99% ба фоидаи мо ҳал шудааст ва дар назди мардум шарманда мешавед”.

Ёдовар мешавем, ки Қирғизистон бо Ӯзбекистон ҳоло сари чанд нуқта дар марз ба мувофиқа нарасидааст ва баҳсҳои ду ҷониб идома доранд. Яке аз нуқтаҳои баҳснок ин мудирият ба обанбори Кампир-обод мебошад.

Қирғизистон бо Тоҷикистон низ сари муайян намудани хати сарҳади ду кишвар вориди баҳс аст ва ин боиси таниши шадиди мусаллаҳона миёни ду кишвар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.