Намояндагии Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) мегӯяд, ҳайати сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии ин созмон дар дидор бо Муҳаммаднасим Нурӣ, волии Толибон* дар Панҷшер бар нигарониҳои амиқи худро дар робита ба ноамнӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар ин вилоят таъкид кардаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии Намояндагии СММ дар Афғонистон хабар медиҳад.
Тавре Намояндагии СММ дар Афғонистон менависад, ҳадаф аз сафари ин ҳайат баррасии иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер аст.
UNAMA афзудааст, ки посухгӯӣ ва ҳифозат аз ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо калиди сулҳ аст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин самт ба назорати хеш идома хоҳад дод.
Толибон дар Панҷшер ба ин, ки ғайринизомёнро ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ боздошт, шиканҷа ва тирборон кардаанд, муттаҳам мешаванд. Ин гурӯҳ ҳамчунин, ба тирборон кардани асирони Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер айбдор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир ҷангҳои шадид дар вилояти Панҷшери Афғонистон миёни Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон бо шиддат идома дорад. Наворҳои аз рафти ин ҷанг интишорёфта гувоҳи он аст, ки ҷангҷӯёни Толибон бо бераҳмии хос бо асирону мардуми мулкӣ муносибат мекунанд ва дар ин маврид на фақат роҳбарияти Ҷабҳа, балки расонаҳои бонуфуз ҳам бо нигаронӣ ибрози ақида намудаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста