Намояндаи Толибон* ба гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон, сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, ки вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро баррасӣ карданд, вокуниш нишон додааст. Дар ин бора Телевизиони “Тулӯъ” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар посух ба ин гуфтугӯи телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса гуфтааст, “сулҳу субот дар Афғонистон кафолат дода шудааст ва ҳоҷат ба нигаронӣ нест”.
“Кишварҳо бояд барои анҷоми тааҳҳуд ва масъулиятҳои худ дар заминаи таъмини равобиташон иқдом кунанд, дар кишвар (Афғонистон) тамоми қаламрав таҳти амнияти ҳамаҷониба қарор дорад”, - гуфтааст Билол Каримӣ.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса аз ҳолати кунунии Афғонистон нигаронӣ карда, атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор кард.
Ин изҳороти намояндаи Толибон дар ҳолест, ки вазъи Афғонистон рӯз ба рӯз печидатар мегардад ва сокинони он аз бесуботиву вазъи бади иқдисодиву иҷтимоии кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Созмонҳои байналмилалӣ низ пайваста аз таъқибу кушторҳои қавмӣ гузоришҳо нашр мекунанд. Созмони Миллаи Муттаҳид низ ахиран Толибонро ба “ҷиноятҳои ҷангӣ” алайҳи занон муттаҳам намуд.
Ҳамчунин, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон ба суханронии Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, низ дар Ереван, ки ҳукумати ҳамашумулро талаб дошт, вокуниш карда, гуфтааст, “ташкили Ҳукумат дар Афғонистон бояд танҳо ба худи афғонҳо вобаста бошад”.
“Ташаккули як низоми сиёсӣ ва ташкили ҳукумати эътилофӣ (дар Афғонистон) кори дохилии кишвар аст ва Имороти исломӣ ҳамчун ҳукумати кунунии Афғонистон ба нафъи мардуми афғон тасмим мегирад”, - гуфтааст Каримӣ.
Ин намояндаи Толибон дар хусуси тааҳҳуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф зада, дар хусуси тааҳҳуди ин гуруҳ, ғасби қудрат дар Афғонистон ва беш аз як соли ҳуқумати ғариқонунӣ дар ин кишвар чизе нагуфтааст.
Ин ҳама нигарониву гуфтумонҳо дар атрофи Афғонистон дар ҳолест, ки дар назар аст, рӯзҳои наздик Душанбе мизбони конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” гардад.
Раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, Довуди Муродиён, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, гуфтааст дар “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.
“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, - гуфт Муродиён.
Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста