Пагоҳ, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад. Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҷузъиёти бештари ин сафар ҳоло маълум нест.

Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз роҳҳо маҳдуд карда мешавад.

Санаи 14-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдулоев - Б. Ғафуров - Фотеҳ Ниёзии шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Б.Ғафуров - кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки  Ғафуров - кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров - Ҳоҷӣ Кенҷаев - Рӯзибой  Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои  И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон, ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.

Санаи 15-уми ноябри соли 2023, дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ - Фирдавсӣ - 25- солагии Истиқлолият - Р. Ҳоҷиев - роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ,  ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои Раҳим Ҷалил - Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Санаи 16-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ - Б. Ғафуров - Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.