Тавре қаблан хабар дода будем, аз дирӯз, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.

Имрӯз, дар идомаи сафари худ, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон як қатор иншооти навбунёд ва корхонаву  беморхонаро ифтитоҳ намуд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор дод.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагӣ аст ва дар умум аз 14 ҳуҷра иборат мебошад.

Калиди хонаҳои навсоз ба 6 нафар корманди соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва якорманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақдим гардид.

1/2

Дар шаҳри Хуҷанд, нахуст бинои нави шӯъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ дода шуд. Ин бинои навсохт дар маркази шаҳри Хуҷанд қарор гирифта аз 7 ошёна иборат мебошад. Дар он бино толори алоҳидаи варзишӣ, ошхона ва толори алоҳидаи  маҷлисӣ барои кормандон ҷойгир карда шудааст.

1/4

Дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд бошад, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии ҶДММ “Фаровон” ва ҶДММ “Тоҷсохтмон” ба истифода дода шуд.

ҶДММ “Фаровон” имкони истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯзро дорад.

Корхонаи “Тоҷсохтмон” бошад, 250 метри мукааб бетон истеҳсол метавонад кунад ва дар он 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

1/4

Ҳамчунин, дар Хуҷанд Корхонаи коркарди шишаи ҶДММ “Шишакор” ба кор оғоз кард. Ин корхона метавонад дар як моҳ то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол кунад. Дар сурати комилан фаъол кардани марҳилаҳои дигари корхона, имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам хоҳад омад.

Ашёи хом ва таҷҳизоти ин корхона аз давлатҳои Италия, Русия ва Чин ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар мамлакат 4 корхонаи коркарди шиша амал мекунад, ки дар соли 2022, 8,9 ҳазор метри мураббаъ, ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар даҳ моҳи соли равон ин корхонаҳо ба андозаи 20,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кард. Воридоти шишаи сохтмонӣ бошад, дар ин давра 30,466 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

1/2

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” сарвари давлат коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд. Ин корхона барои омода кардани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбин аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир овардааст.

1/4

Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз” ба истифода дода шуд. Ин марказ сеошёна буда, дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ шудааст.

1/3

Дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед” ба истифода дода шуд. Он аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад.

Дар маркази нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳо ташхису табобат ва намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм ва узвҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст.

1/4

Дар поёни рӯз, Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят ҷаласа баргузор кард, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад ва дар назар аст, ки пагоҳ низ президенти кишвар аз навоҳии гуногун дидан намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.