Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамватанонро ба Рӯзи парчами давлатӣ таҳният гуфта, афзуд, ки парчам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

Сарвари давлат гуфт, парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

“Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.

Инчунин, афзуд, мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.

“Бигзор, парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд”, - таманно кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар аксар шаҳру навоҳии кишвар пояи парчами давлатӣ қомат афрохтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон соли 2010 бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд, вале пас аз 4 сол ин рекордро Арабистони Саудӣ шикаст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2010 аз ин сӯ дар кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.