Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр ироа хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, дар баробари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.
Дар ҷаласа бахшида ба ироаи паём, ҳамасола ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон тамошо мекунанд.
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда пахш менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 то инҷониб раиси ҷумҳур маъмулан охири моҳи декабр паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа мекунад.
Танҳо соли 2020 он рӯзи 26-уми январи соли 2021 сурат гирифта буд.
Солҳои баъдӣ низ ироаи паёми солонаи сарвари давлат ба моҳи декабр баргашт. Паёми соли гузашта ҳам рӯзи 23-уми декабр ироа гардида буд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста