Samsung Electronics тасмим гирифт, ки имсол низ муъҷизаҳои солинавӣ амалӣ гарданд! Ширкат анъанаи ҷашнии худро идома дода, бозии бурдноки муҳташами туҳфаҳои қиматбаҳоро миёни муштариёни худ эълон менамояд.

Мехоҳед теливизор, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, чангкашак, саундбар, проекторро чун туҳфа гиред? Барои ин шеър аз ёд кардан лозим нест, танҳо аз Samsung харид кунед, кифоя аст.

Бо кадом роҳ метавон иштирокчии бозӣ гардид?

Аз 18-уми декабр то 25-уми январ дар яке аз мағозаҳои намояндагони расмии Samsung дар шаҳрҳои Душанбе ва Худжанд техникаи маишӣ, теливизор ва аудиотехника харидорӣ кунед. Ҳангоми харид ба шумо расид дода мешавад, ки онро дар нуқтаи бақайдгирӣ бояд пешниҳод кунед. Расидро нигоҳ доред, зеро он барои иштирок дар иқдом лозим аст.

Баъд аз харидории техникаи Samsung дар яке аз мағозаҳои зикршуда, ба нуқтаҳои махсус барои бақақайдгирӣ муроҷиат намоед. Намояндаи ширкат ба шумо барои гирифтани рақами махсуси иштирокчӣ кӯмак хоҳад кард. Бо ҳамин шумо иштирокчии бозии бурдноки Samsung бо 13 туҳфа мешавед.

Шуморо  яхдон Bespoke бо ду панели ороишӣ; телевизори 55 дюймаи Crystal UHD бо имкониятҳои пешрафта; навтарин дастоварди саноати телевизорбарорӣ - ТВ-и 55 дюймаи The Frame; мошинаи ҷомашӯӣ бо ғунҷоиши 8 кг бо технологияи шустушӯи ҳушманд; проектори зебо ва сайёри The Freestyle ва дигар навгониҳои инноватсионӣ интизоранд.

Барои иштирок аз мағозаҳои зерини Душанбе ва Хуҷанд бояд харид кард:

Volna - нишонӣ: Н. Муҳаммад 1/1 (собиқ к. Чехов)

Volna - нишонӣ: Ҷ. Расулов 55/1, маҳ. 33

Volna - нишонӣ: Дӯстии халқҳо 47, “Душанбе Мол”

Volna - нишонӣ: Н. Қарабоев 2/1, Сирки давлатӣ

Volna - нишонӣ: А. Навоӣ 23/1, маҳ. 112

Volna - нишонӣ: А. Фирдавсӣ 8, Сиёма Мол

Avrang - нишонӣ: Ҷ. Расулов 9

Avrang - нишонӣ: Кушониён Market

Avrang (Хуҷанд) - нишонӣ: Бофанда 29

Samsung (Хуҷанд) - нишонӣ: И. Сомонӣ 53

Баъдан, дар яке аз нуқтаҳои зерин қайд шудан лозим аст:

Дар шаҳри Душанбе:

Avrang - нишонӣ: Ҷ. Расулов 9. Аз соати 8:00 то 19:00, бе рӯзҳои истироҳатӣ.

Volna - нишонӣ: Ҷ. Расулов 55/1, маҳ. 33. Аз соати 8:00 то 19:00, бе рӯзҳои истироҳатӣ.

Volna - нишонӣ: Дӯстии халқҳо 47, “Душанбе Мол”. Аз соати 10:00 то 22:00, бе рӯзҳои истироҳатӣ.

Дар шаҳри Хуҷанд:

Avrang (Хуҷанд) - нишонӣ: Бофанда 29. Аз соати 9:00 то 19:00, бе рӯзҳои истироҳатӣ.

Samsung (Хуҷанд) - нишонӣ: И. Сомонӣ 53. Аз соати 8:30 то 19:00, бе рӯзҳои истироҳатӣ.

Бурди туҳфаҳо 26-уми январ дар низоми онлайн тариқи саҳифаи расмии @Samsungtajikistan дар Instagram ба таври мустақиv баргузор мегардад. Барои аз ҷараёни бозӣ бехабар намондан Instagram-саҳифаи @Samsungtajikistan-ро пайгирӣ намоед.

Samsung ба шумо хариди бобарор ва табъи болидаи ҷашниро таманно дорад!