Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар Душанбе бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази хидматрасонии “Дунёи ош”-ро боз карда, бо нақшаи сохтмони бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки бинои нави вазорати тандурустӣ аз 13 ошёна иборат буда, минбаъд ҳамаи зерсохторҳои вазорат, ки дар дигар ҷойҳо кор мекарданд, фаъолияти худро дар ин бино давом медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази нави рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионии ин бино бо ҷараёни таълими як зумра табибони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, тариқи онлайн шинос шуда, бо онҳо суҳбат кард.

Ӯ аз онҳо даъват намуд, ки “аз шароиту имконияти мусоид самаранок истифода бурда, илмҳои муосирро омӯзанд ва ба Ватан баргашта, бар нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд”.

Бинои нав бо  фармоишги Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент тибқи лоиҳаи  ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” аз сӯи ҶДММ “Фаввора”, “Самар СН” ва “Инкишоф Сохтмон” бо ҷалби аз 450 то 650 нафар сохта шудааст.

1/8

Ба иттилои Хадамоти матбуот, Маркази хизматрасонии “Маркази ош” дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт (пушти бинои Филармонияи давлатӣӣ) ҷойгир буда, он аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад.

Онро Умарҷон Алимадов соҳибкори ватанӣ бунёд карда, “аз ҷиҳати тарҳ, имконоти хизматрасонӣ ва ороиши анъанаи фарҳанги қадимаи миллӣ дар Осиёи Миёна беназир мебошад”.

Дар марказ, Эмомалӣ Раҳмон бо раванди омода намудани оши палав дар 16 деги гуногунҳаҷм ва деги дутоннагӣ шинос шуд.

Марказ дорои ду ошхона ва се толор, аз ҷумла толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, ҳамчунин ду толори хурд - ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст дорад.

“Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад. Тарабхонаи миллии оилавӣ дар қабати дуюми марказ ҷойгир буда, дорои 290 ҷойи нишаст аст. Ҳамчунин дар ин толор 4 ҳуҷраи алоҳида барои мизоҷону меҳмонон ташкил гардидааст”, - гуфтааст хадамоти матбуотӣ.

Эмомалӣ Раҳмон дар марказ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ки аз аввалин меҳмонони “Маркази ош” буданд, суҳбат намуд.

Гуфта шуд, ки дар “Маркази ош” 200 нафар дар як вақт ба 1060 нафар хизмат мерасонанд. 

1/10

Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо нақшаи сохтмони бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд.

Роҳбари давлат ҷои бунёди бинои ин се вазоратро аниқ карда, ба масъулини дахлдор супориш дод, ки “тавассути такмил додани лоиҳа тамоми шароит барои  фаъолияти кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва саноат фароҳам оварда шавад”.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Суди Олии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон идома дорад, ки соли 2024 ба истифода дода мешаванд.

1/8

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.