Имрӯз, 22-юми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағӯйироти кадри анҷом дод.

Бо фармони раиси ҷумҳур Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ӯ дар ин вазифа Пиракзода Ҳикматуллоро иваз кард, ки бо фармони раиси ҷумҳур аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Пиракзода дар ин вазифа Мирзозода Саломатшо Бозорбойро иваз кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.