Агентии зиддифасоди Тоҷикистон рӯйхати ниҳодҳоеро, ки дар соли 2024 мавриди санҷини нақшавӣ қарор медиҳад, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, барои ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ироа намоянд.
Ба иттилои манбаъ, имсол тибқи нақша Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб, Хадамотҳои иҷро, алоқа ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ аз санҷиши хавфҳои коррупсионӣ мегузаранд.
Илова бар ин, Саридораи геология ва Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон - “Саноатсодиротбонк” дар соли равон мавриди санҷиши Агентии зиддифасод қарор мегиранд.
Ҳукумати ноҳияҳои Рашт ва Файзобод низ аз санҷиши хавфҳои коррупсионӣ мегузаранд. Инчунин, филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Коллеҷи тибии ҷумхуриявӣ нибқи нақша дар соли равон аз хавфҳои коррупсионӣ санҷида мешаванд
Ин санҷиши Агентии зиддифасод тибқи муқаррароти Қарори ҳукумат аз 28-уми октябри соли 2016 “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” гузаронида мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки санҷиши ниҳодҳои давлатии кишвар аз ҷониби Агентии зиддифасод ба таври нақшавӣ гузаронида мешавад ва одатан ҳар сол ниҳодҳое, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд, ба нақша ворид мегарданд.
Соли 2023 ҳам як қатор агентиҳои назди ҳукумат, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон бояд мавриди санҷиш қарор мегирифтанд. Натиҷаи ин санҷишҳо барои расонаӣ рӯшан нест.
Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод солҳои пеш дар сомонаи расмиаш аз боздошти бархе мансабдорони сатҳи миёна, раисон ва мудирони хоҷагиҳои деҳқонӣ хабар нашр мекард. Вале пас аз нишасти матбуотии охиринаш дар моҳи августи соли 2023, инак тақрибан шаш моҳ мешавад, ки дар сомонаи расмиаш ба ҷуз аз баргузории семинару конфронс, дар бораи фаъолияти кориаш ва боздошти фасодкорон ҳеҷ хабаре интишор намекунад.
Ҳамакнун, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон нақша дорад ниҳодҳои дар боло зикршударо дар соли 2024 мавриди санҷиш қарор диҳад ва барои ин аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ирсол намоянд.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста