Баъди зуҳри имрӯз, 11-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар ҳудуди Афғонистон 5 балро ташкил медод.

Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) бо такя ба иттилои Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе хабар дод, ки он дақиқан соати 14:20 ба қайд гирифта шуд ва маркази заминларза 250 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод, заминларза дар марказаш 5 бал ва дар шаҳри Душанбе, ҳудуди ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт  3 ва дар вилояти Суғд 2 балро ташкил дод.

“Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар  шаҳру ноҳияҳои мамлакат хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - гуфтанд аз КҲФ.

Ҳамчунин, шаби гузашта низ дар 38 километрии ҷанубу шарқи Хоруғ заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Маркази заминларза. Манбаи заминларза дар умқи 153 километр гуфта мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар чанд муддати охир дар Осиёи Марказӣ зиёд заминларза ба қайд гирифта мешавад.

Ахиран дар як заминларҳа дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 8 деҳа қариб пурра хароб гардида, садҳо қурбонӣ ба ҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.