Аз 11 дархост барои дастрас кардани шаҳодатнома ҷиҳати ворид намудани бензин ба Тоҷикистон, танҳо ба ду ширкат посухи мусбат дода, 9 дархости дигар мавриди баррасӣ қарор доштаанд. Шаҳодатнома барои ворид кардани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 ҷорӣ шуд.
Сӯҳроб Ашӯрзода, сардори раёсати стандартонии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 5-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз оғози соли 2024 танҳо ба ду ширкат - ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Ориё-тиҷорат” шаҳодатнома ҷиҳати ворид кардани бинзин ба кишвар додаанд.
Дархости 9 ширкати дигар - ҶДММ “Октан сервис”, ҶДММ “Темур-ойл”, ҶДММ “Соро-компания”, ҶСП “Аллат”, ҶДМ “Баҳром”, ҶДММ “Гули сурх континент”, ҶДММ “Роҳи Сомон нафт”, ҶДММ “Газ-нафт”, ҶДММ “Нури Дилшод” мавриди баррасӣ қарор доштааст.
Бояд гуфт, дастрас кардани шаҳодатнома барои ворид намудани бензин ба Тоҷикистон охири соли 2023 баъди аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ҳатмӣ шуд.
Дар асоси тағйироти ба қонун воридгардида, шаҳодатнома аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4,3 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои соли 2024 72 сомонӣ аст) дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, барои баррасии ариза зимни гирифтани шаҳодатнома 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2024 720 сомонӣ) пардохт бояд шавад.
Илова бар ин, ҳамасола 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё беш аз 4,3 млн сомонии дигар барои фаъолият пардохт бояд кард.
Вақти қабули тағйирот ба қонун масъулини Агентии “Тоҷикстандарт” ҳадафаи онро мутобиқ кардани бензин ба стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқ кардани нуқтаҳои сӯзишворӣ ба қоидаҳои бехатарӣ номида буданд.
Аммо сокинон ба ин назаранд, ки ҷорӣ кардани шаҳодатнома барои воридот ва фурӯши бензин эҳтимол ба нархи бе ин ҳам баланди маводи сӯзишворӣ таъсир расонад.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста