Давоми соли 2023 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 443 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 3 ҳазору 743 ақди никоҳ бекор гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 559 ҳолат кам аст.

Дар ин бора Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор об занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Бори аввал дар панҷ сол, то ба ин ҳад коҳишёбии пошхӯрии оилаҳо мушоҳида мешавад”, - гуфт Хуршеда Хоҷазода.

Омили аслии коҳишёбии пошхӯрии оилаҳоро Хуршеда Хоҷазода ба баланд шудани маърифати оиладории ҷомеа ва ҳамчунин, тақвияти робитаи аҳолӣ бо мақомот шарҳ дод.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 443 ақди никоҳ сабт шуда, 4 ҳазору 302 оила аз ҳам пош хӯрдааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.