Дар шаҳри Ҳисор ба хотири гиромидошти ному ёди Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва яке аз соҳибрасонаҳову рӯзноманигорони маъруфи кишвар мактаби мавсуф таҳсилкарда ба номаш гузошта мешавад.

Ин ташаббус аз ҷониби Қосим Роҳбар, шаҳрдори Ҳисор дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳузури рӯзноманигорону адибон пешниҳод шудааст.

“Номи рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор дар муассисае, ки таҳсил намудааст - муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 25-и деҳаи Мортеппа гузошта мешавад”, - изҳор дошт ӯ.

Дар ин робита, ба масъулони комиссияи номгузории назди шаҳрдории Ҳисор дастур додааст, ки лоиҳаи қарорро дар ин хусус таҳия ва ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод намоянд.

Акбари Саттор 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, дар 50-солагӣ, рӯзи 28-уми август соли 2015 аз олам даргузашт.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград буд.

Соли 1990 аввал дар рӯзномаи “Тоҷикистони Шӯравӣ”, баъд дар рӯзномаи “Садои мардум” ба ҳайси мухбири махсус ва аз соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 ҳамчун мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Акбари Саттор аз моҳи ноябри соли 1994 то рӯзи вафот муассис ва директори генералии ҶДММ “Чархи гардун” буд ва 8 ҳафтаномаи хусусии ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии ӯ ба нашр мерасид.

Аз соли 2006 то ҳангоми даргузашташ, қариб 10 сол, Акбари Саттор раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Ӯ аз соли 2008 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Тоҷикистон, узви Шӯрои миллии муқовимат бар зидди коррупсия буд.

Ба қавли журналистон, дар замони роҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон будани Акбари Саттор рӯзноманигорони тоҷик сарҷамътар буданд ва ӯ шахсан барои ҳалли мушкилоти онҳо расидагӣ мекард. Баъди маргаш фаъолияти Иттифоқи журналистон низ камранг шуд ва ҳоло худи рӯзноманигорон аз кори роҳбарият ва аъзои Иттифоқи журналистон интиқод мекунанд.

Тасодуф аст ё не, баъди марги ӯ вазъи озодии баён ва мавқеи рӯзноманигорон дар кишвар якбора бад шуд ва аз он давра то имрӯз чанд рӯзноманигори тоҷик пайи ҳам паси панҷара рафтанд.

Журналистон ба ин назаранд, ки агар Аксари Саттор зинда мебуд, шояд вазъ ба ин ҳад намерасид ва ба рӯзноманигорон, ки дар тобистони соли гузашта боздошт ва зиндонӣ шуданд, ин қадар ҷабр намешуд.

“Азия-Плюс” соли сипаришуда дар як лавҳаи портретӣ аз корнома шахсияти Акбари Саттор ёдовар шуда буд, ки дар ин ҷо метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.