Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин рӯзҳои 14 ва 15-уми марти соли ҷорӣ соати 18:30 тавассути ҳамаи телевизиону радиоҳо такроран пахш мешавад.

Ба иттилои манбаъ, “...зеро бо сабаби маҳдудият дар таъмини неруи барқ сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҷараёни мулоқотро ба пуррагӣ тамошо карда натавонистанд”.

Ин тасмим дар пайи дархости зиёди тамошобинони телевизион гирифта шудааст.

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 9-уми марти оли ҷорӣ дар “Кохи Ваҳдат” баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон аз мазҳабӣ шудани сокинони Тоҷикистон, афзоиши ҳоҷиёнс, даст ба амалҳои террористӣ задани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа нигаронӣ кард.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари дунё амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд.

Роҳбари давлат аз ҳеҷ ҳодисаи ҷудогона ном набурд ва танҳо гуфт, “ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, аз исрофкориву зиёдаравӣ ва риёкориву зоҳирпарастӣ зимни адои ҳаҷ нигаронӣ карда, гуфт, соли гузашта 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил додааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эътирофи Хадамоти матбуотии президент, дар бораи тамошо накардани мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар пайи қатъи нерӯи барқ дар ҳолест, ки пас аз сардиҳои ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон, таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ҳарчанд мақомот расман лимити барқро эътироф намекунанд, вале дар музофоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20-уми сентябри соли 2023 нерӯи барқ ​​бо маҳдудият интиқол дода мешавад. Дар аввал он 6-7 соат дар як шабонарӯз буд.

Баъдан Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо ирсоли як барқия аз зердастонаш хост, ки дар моҳи Рамазон аҳолии Тоҷикистон 8 соат (4 соат субҳ ва 4 соат шом) бо барқ таъмин шаванд. Вале сокинони чандин минтақаи Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки ин реҷа ҳам риоя намешавда ва аҳолӣ аксаран дар торикӣ рӯза мегиранду ифтор мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо танҳо 3-4 соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад. Ин мушкил бархе сокинони Душанберо ҳам думболагир аст.

Ба гуфтаи Маҳмадумар Асозода, директори “Барқи тоҷик”, бекор кардани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ айни замон ғайриимкон буда, ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2023 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ содир шудааст, ки назар ба соли 2022 124 млн кВт. соат бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.