Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз дар кишвар 18 театр мавҷуд аст. Танҳо дар пойтахти кишвар 6 театр ҳаст. Ҳар ду сол як бор миёни театрҳо фестивал-озмуни “Парасту” баргузор мегардад ва намоишҳову ҳунармандони беҳтарин ҳам муайян мешавад.

Аммо саволе, ки солҳо инҷониб дар ҷомеа баҳсро эҷод кардааст ин аст: Оё имрӯз театри тоҷик тамошобин дорад ва дар рушди фарҳанги ҷомеа то кадом дараҷа саҳмгузор аст?

Бо ин савол мо ба сокинони Душанбе муроҷиат кардем. Посухи онҳоро дар навори зер тамошо кунед.

Бояд гуфт, ки “Рӯзи ҷаҳонии театр” соли 1961 бо ташаббуси вакилони конгресси IX Институти байналмилалии театр тасдиқ шуда, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва фестивалу нахустнамоишҳо ҷашн гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.