Падару, модар, бародар, ҳамсар бо фарзанди 8-моҳа, хушдоман, амак ва писарамакҳои Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро “нафарони либоси расмипӯш” бо худ бурдаанд. Яке аз пайвандони гумонбар ба ҳамла дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд онҳо кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон буданд. Аммо ӯ намедонад, ки пайвандонаш дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд.

Худи Фаридуни Шамсиддин 23-юми март, як рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав боздошт ва 24-уми март аз ҷониби додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Хонаи ӯ дар деҳаи Лойоби шаҳри Ҳисор, 25 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир аст. Вақте хабарнигори “Asia-Plus” рӯзи 27-уми март дар суроғи хонаи Фаридуни Шамсиддин ба ин деҳа рафт, ғайр аз ҳамсари бародараш, дигар касе набуд. Ӯ ҳам нахост бо хабарнигорон суҳбат кунад.

Яке аз сокинони ин деҳа, бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳама пайвандони Фаридуни Шамсиддин - падару, модар, бародар, ҳамсар бо фарзанди 8-моҳа, хушдоманаш, амак ва ду писарамакашро “нафарони либоси расмипӯш” бо худ бурданд.

Ҳамсари амаки Фаридуни Шамсиддин, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекунад, дар суҳбат ба “Asia-Plus” ин гуфтаро тасдиқ кард, аммо дақиқ нагуфт, ки кормандони кадом ниҳод онҳоро бурдаанд ва дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳоро рӯзи 23-юми март кормандони мақомот бо худ бурдаанд.


“Шавҳар ва писарони ман ҳам нестанд. Онҳо барои аз ҳоли амак хабаргирӣ рафтанду дигар барнагаштанд. Намедонам ҳамаи онҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ ҳол доранд”,- гуфт ҳамсари амаки Фаридуни Шамсиддин.

Дар бораи худи Фаридуни Шамсиддин ин зан гуфт, ки ҳарчанд ӯ мактабро то синфи 7 хонда, муддате барои озори ҷинсӣ ҳабс шуда буд, вале дар умум ӯ бачаи оромтабиат буд ва суҳбатҳову рафтораш шубҳаеро бедор накардааст.

“Чанд рӯз пеш аз боздошт Фаридун ба падарарӯсаш занг задаву барои кор ба наздаш даъват карда буд. Нақшаи кор бо ӯро дошт. Вақте падарарӯсаш ба Маскав рафт, ӯро пайдо карда натавонист”, - гуфт ҳамсари амаки Фаридуни Шамсиддин.

Аммо ин зан нагуфт, ки сухан аз кадом кор буд.

Яке аз пайвандони Фаридуни Шамсиддин ҳам бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Дар рафтораш ҳеч амали шубҳаовар надида будем. Шаш моҳ пеш ба Русия рафт ва ба хонаводааш пул мефиристод”.

Худи Фаридуни Шамсиддин дар навори бозпурсии мақомоти Русия дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, 4-уми марти имсол аз Туркия ба Русия гузашт. Ба онҷо бо ҳадафи гузаштан аз сарҳад ва тамдиди будубошаш дар Русия рафта будааст.

Вай дар ҳамин бозпурсӣ гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Каналҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ва дигар шаҳрвандони боздоштшудаи худ то ҳол ҳарфе нагуфтаанд.

Хонаи Фаридуни Шамсиддин

Хоҳари Фаридуни Шамсиддин дар куҷост?

Се рӯ пеш, 25-уми март, Радиои Озодӣ аз қавли як пайванди Фаридун навишт, ки мақомоти Русия Маҳбуба Заргарова, хоҳари ӯро ба далели дар хонааш номнавис кардани Фаридун бо се кӯдакаш аз Русия ихроҷ кардаанд. Ҳамсараш ҳам ӯро сар додааст.

Ҳамсари амаки Фаридун гуфт, “хабари ихроҷи Маҳбубаро аз ҳамсояҳо шунидааст, аммо ӯ ҳоло наомадааст”.

“Агар ихроҷ ҳам шуда бошад, дар хона мардина набуд, ки ӯро аз фурудгоҳ гирад. Ӯ хонаву дар надорад. Агар ӯро шавҳараш сар дода бошад, бояд инҷо биёяд. Кӣ меравад ӯро аз фурудгоҳ мегирад? Як телефон нест...”, - нигаронӣ кард ӯ.

Ҳамин тавр, ҳоло маълум нест, ки Маҳбуба Заргарова дар куҷост.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.