Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид. Дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Сомон бар намояндаи Қазоқистон Абулайхан Жубаназар дастболо шуд. Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг аз рӯзи 20 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад.

Дар Чемпионати қора ҳамагӣ 272 варзишгар аз 36 кишвар иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаҳои омехта гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати ҷудои Осиё-2024 ғолибони мусобиқа ба 700 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ, иштирокчии қувваозмоии финалӣ - 490 имтиёз ва дорандагони медалҳои биринҷӣ ҳар кадоме - 350 имтиёз мегиранд.

Сурат: Федератсияи ҷудои ҶТ

Федератсияи байнулмилалӣ 9 ҷудокори тоҷикро ба қайд гирифт. Тавре ки IJF хабар медиҳад, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Аҳлия Муминова (52 кг) номнавис шуданд.

Сурат: Федератсияи ҷудои ҶТ

Аммо на ҳамаи онҳо тавонистанд, ки дар чемпионат қувваозмоӣ кунанд. Бар асари ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Дубай, ҷудокорон Меҳрзод Сӯфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муминова дар чемпионат иштирок карда натавонистанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа Обид Ҷебов дар даври аввал намояндаи Туркманистон Сардор Раҳимовро мағлуб карда, дар қувваозиоии дуюм аз намояндаи Ҷопон Хинсей Шаттори шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.