Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8-уми май ба ифтихори таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт ва дар гузашти ҳарбӣ иштирок кард. Ӯ ҳамчунин, ба ин муносибат шаҳрвандони кишварро табрик кард ва ба собиқадорон изҳори сипос гуфт.
Дар чорабинии идона раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, аъзои ҳукумати кишвар, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.
Қабл аз суханронӣ, ба Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аст, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиа оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.

Раиси ҷумҳур дар нутқи худ ба фидокории мардуми тоҷик дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ишора карда саҳми онҳоро дар пирӯзӣ бар фашизм муҳим арзёбӣ намуд.
“Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем”,-гуфт раиси ҷумҳур.
Ӯ иброз дошт, ки зиёда аз 100 ҳазор тоҷик дар муҳорибаҳо қурбон шуда, беш аз 40 ҳазор беному нишон ва 60 ҳазор нафари дигар бо маъюбият ба ватан баргаштанд.
Раисҷумҳур зикр кард кард, ки “ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад”.
“Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.
Ӯ гуфт, ки дар солҳои ҶБВ зиёда аз 100 ҳазор зану кӯдаки минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон кӯч бастанд.

“Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд. Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”,-иброз дошт роҳбари кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон хатарҳои ҷаҳони муосирро ёдрас шуда гуфт, ки “мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва фидокориро талаб менамояд”.
“Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Сардори давлат дар идома барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт ва дар гузашти низомӣ ширкат кард.
Хадамоти матбуотии президент мегӯяд, гузашти низомӣ бо иштироки ҳайяти афсарону сарбозон Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, дар ин парад тақрибан 4 ҳазору 500 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ширкат карданд.
Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста