Баъди “ҳамла”-и ОМОН-и Русия ба маросими хурсандии муҳоҷирон дар Красноярск 26 тан, аз ҷумла чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории "Московский Комсомолетс" хабар дода, навиштааст, ки онҳо барои “нақзи қонуни муҳоҷирати Русия” бо ҳукми додгоҳ ихроҷ шудаанд.

“Дар миёни ихроҷшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Арабистони Саудӣ низ буданд. Тибқи ҳукми додгоҳ, ҳамаи онҳо барои панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд”, - менависад манбаъ.

Ин муҳоҷирон рӯзи 22-уми сентябр дар толори зиёфати “Корона”-и рустои Солонтси ноҳияи Емеляновскийи минтақаи Красноярск дар консерти сарояндаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев ширкат доштанд.

 

Чаро ОМОН ба шоми шоди муҳоҷирон “ҳамла” кард?

Дар наворе, ки аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия нашр шудааст, дида мешавад, ки он шом даҳҳо корманди дастаи таъйиноти махсус ба толори тӯйхона ворид шуда, онро қатъ ва ҳуҷҷатҳои ҳамаро тафтиш мекунанд, бархеро қатор карда, дастҳояшонро бар рӯйи китфи якдигарашон гузошта, аз толор берун мебаранд.

Мақомоти Русия дар як изҳорот гуфтанд, ки мақсади “рейд” муайян кардани шаҳрвандони хориҷие буд, ки ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд, инчунин ошкор кардани афроде, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд. Аммо зимни тафтиш ягон ашё ё моддаҳои манъшуда ёфт нашудаст.

Дар натиҷаи ин рейд 26 шаҳрванди хориҷиро ба идораи полис бурда буданд. Эҳтимол ҳамаи онҳо ихроҷ шудаанд. Дар маросим 620 кас ширкат доштанд.

Пас аз ду рӯз, 24-уми сентябр Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба рейди мақомоти Русия дар консерти сарояндаи ӯзбек дар Красноярск ва боздошту "ҳамла" ба муҳоҷирон расман вокуниш кард ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфт.

Ҷузъиёти дигари ин “ҳамла”-и ОМОН-и Русия ба маросими хурсандии муҳоҷиронро дар матлаби зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.