Имрӯз, 9-уми октябр баъди мулқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия дар “Қасри миллат”, байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки се ҳуҷҷат бевосита ба масъалаи муҳоҷират рабт дорад.
Пеш аз оғози гуфтушунидҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путинро дар майдони "Қасри миллат" пешвоз гирифт. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Мулоқоти як ба як ва бо ҳайатҳо
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар суҳбати рӯбарӯ, Эмомалӣ Раҳмон аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат кардааст.
Владимир Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштааст, ки “Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад”.
Ҳамчунин, дар музокироти васеи сатҳи олӣ миёни ду кишвар аз ҷумла масъалаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, илму маориф ва амнияту мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози музокироти васеъ таъкид доштааст, ки “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад” ва ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва бахши амният ҳамкории наздик доранд.
Ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ки чанд соли охир доғ шудааст, дар дидори ду роҳбари давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Аз ҷумла, Владимир Путин гуфтааст, “ҳамкории ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳоҷират дар фазои созанда пеш меравад”.
Мушаххасан маълум нест, ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин чӣ гуфтушунид карда бошанд.
Инчунин, дар ин дидор роҳбарони ду кишвар ба омода намудани кадрҳои дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Дар самти амниятӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таъкид гардидааст.
Санадҳо нав дар бораи муҳоҷират ва ҳамкориҳои дигар
Пас аз музокирот, раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зери "Изҳороти муштарак дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия" имзо гузоштанд.
Инчунин, миёни Тоҷикистону Русия 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст:
- Нақшаи чорабиниҳои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025-2030;
- Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Тоҷикистон;

- Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Русия;

- Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия аз 17 апрели соли 2019;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Русия;
- Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Русия;

- Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Русия;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
- Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Русия;

- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;
- Созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия;
- Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хидмати давлатии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия.
Натиҷаҳои музокирот
Дар нишасти матбуотӣ пас аз имзои санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кардааст, ки гуфтугӯҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд.
Ӯ аз аҳамияти тавофуқот доир ба афзунсозии ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ ёдоварӣ кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба рушди ҳамкории ду кишвар “такони нав” хоҳанд бахшид.
Владимир Путин низ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ “баҳои баланд” додааст. Ӯ Тоҷикистонро “ҳампаймони боэътимод номида”, изҳор доштааст, ки муносибатҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дифоъ ва амният, ба таври мусбат рушд мекунанд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои 8-10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони чанд чорабинии байналмилалӣ мегардад, ки дар он роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар маҷмуъ қариб 10 роҳбари давлат иштирок мекунанд.
Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳо байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ, масҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.
Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.





Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста