Имрӯз, 18-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва нахуст дар шаҳри Хуҷанд се бемористон, гимназия, мактабу кӯдакистон ва чанд корхонаро ба истифода дод.
Ба иттилои расмӣ, президет барои “шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи сохтмонҳои гуногун” ба ин вилоят сафар кард.
Раисҷумҳур, аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносӣ, Маркази клиникавии эндокринологии ба номи Ҷаҳон Набиев ва Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи Султон Уруновро ифтитоҳ кардаст.
Бинои Маркази саратоншиносӣ 6-ошёна буда, манбаъ мегӯяд, аз ҳисоби буҷети вилоят сохта шудааст. Он дорои 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ буда, дар он 60 мутахасис бо кор таъмин шудаанд.
“Барои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои саратон ба маблағи бештар аз 7 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, харидорӣ шудааст”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд бошад, дорои 5 ошёна буда, аз 5 шуъба ва дармонгоҳ, ҳуҷраи ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои эҳё, наҷот ва беҳискунӣ иборат будааст.
Дар ин марказ шахсони гирифтори бемориҳои диабети қанд, ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо ва фарбеҳӣ табобат карда мешаванд. Дар ин марказ 4 шуъбаи нав – қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона таъсис дода шудааст.
Бинои беморхонаи клиникии №1 аз 7 ошёна иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд шудааст. Ин шифохона дорои 7 шуъба ва 200 кати хоб барои беморон буда дар он 200 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Дар инҷо, Эмомалӣ Раҳмон ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардааст. Ба иттилои расмӣ, ин ду маркази саломатӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар ва шарикони рушд сохта шудааст.
Маркази саломатии шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, дар он 50 сокини ноҳия бо кор таъмин шудаанд. Дар маркази саломатии деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ин ноҳия бошад ба 2 ҳазору 200 аҳолии деҳа хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад.
Дар идома дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Аркон”, Гимназия ва мактаб ба истифода дода шудааст.
Ба навиштаи манбаъ кӯдакистон аз ҷониби Умеда Гадойбоева, соҳибкор барои 360 кӯдак дар масоҳати 2264 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар инҷо “75 нафар аз ҷумла 30 парастор бо кор таъмин шудаанд”.
Кӯдакистон дорои 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда дар он таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки дар инҷо Эмомалӣ марҳилаи якуми мактаби “Аркон” ва гимназияи №4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ ба истифода додааст.
Дар мактаби мазкур таҳсили 600 хонанда ва дар гимназияи рақами 4 бошад, таҳсили 1700 хонанда дар ду баст дар назар аст.
Ҳамчунин ба таври фосилавӣ бинои нави мактаби рақами 26 дар деҳаи Томин ва майдончаи нави варзишӣ дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ шудааст.
Дар идома бо иштироки раисҷумҳур дар шаҳри Хуҷанд бинои кӯдакистони хусусии Арча, ки аз тарафи ҶДММ “Фортуна Ко” бунёд шудааст, ба истифода дода шудааст.
Кӯдакистони Арча барои нигоҳубини 500 кӯдак бунёд шуда дар он 40 нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар инҷо ба кӯдакон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим ба роҳ монда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ ва 8 маркази инкишофи кӯдак дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро низ ифтитоҳ кардааст.
Дар идома, дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Комплекси агросаноатии “Саховат” ва корхонаи коркарду бандубасти меваи хушки ҶДММ “Донаи алмос” ба истифода дода шудааст.
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 тонна ширро дошта, 12 намуди маҳсулот истеҳсол мекардааст. Дар ин корхона 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Ин корхона аз ҳисоби Ҳалимбой Каримов, соҳибкор дар муддати 8 моҳ бунёд шудааст.
Корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки “Донаи алмос” аз ҷониби Озода Ҳазратзода, соҳибкор дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст. Дар инҷо 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушк, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи меваҳои хушк омода мешавад.
Гуфта мешавад, ки меваи хушки истеҳсолшуда ба 30 кишвар содир карда мешавад.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд ба кор оғоз кардааст.
Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар масоҳати 10 ҳазору 100 метри мураббаъ дар се ошёна сохта шудааст. Дар ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои дигари бино маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир аст.
“Таҷҳизот ва маснуоти гуногун, ки дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ коркард ва тавлид мегарданд, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мешаванд”,-навииштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.




Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста